Филми “Бункер” дар ду ҷашнвора аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад

Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Диловар Султонӣ дар ду Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ширкат меварзад. Филми “Бункер” дар 37-умин фестивали байнулмилалии “Экс-ан-Прованс” бо офаридаҳои филмбардорони Олмон, Юнон, Лаҳистон, Портуғол, Белжик, Эрон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд ва Румин рақобат хоҳад кард. Ҷашнвораи мазкур рӯзҳои 3-7 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Экс-ан-Прованси Фаронса баргузор шуда, беш аз 45 филми […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Диловар Султонӣ дар ду Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ширкат меварзад.

Филми “Бункер” дар 37-умин фестивали байнулмилалии “Экс-ан-Прованс” бо офаридаҳои филмбардорони Олмон, Юнон, Лаҳистон, Портуғол, Белжик, Эрон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд ва Румин рақобат хоҳад кард. Ҷашнвораи мазкур рӯзҳои 3-7 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Экс-ан-Прованси Фаронса баргузор шуда, беш аз 45 филми кӯтоҳ дар он намоиш дода мешаванд.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, ҳамчунин дар барномаи 15-умин фестивали байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ ва мустақили “ISIFF”, ки рӯзҳои 7- 13 декабр дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад, филми “Бункер”-ро қабул кардаанд.

Ин филмномаи коргардони тоҷик аз ҳаёти воқеӣ навишта шудааст. Дар он зиндагии наврасе бо номи Муҳаммад қисса мешавад, ки ҳамсабақонаш бо нияти шӯхӣ ӯро дар бункер маҳкам мекунанд. Аммо ҳамсинфон аз пайгирии волидайни Муҳаммад тарсида, дар куҷо будани ӯро ба касе намегӯянд. Муҳаммади худрсол аз торикӣ ва садоҳои хашини қубури бункер ба даҳшат меафтад. Идомаи қиссаро бинанда аз тамошои филм мефаҳмад, ки тақдири ӯ дар он зулмот ва макони касногузар чӣ мешавад? Дар баробари ин, тамошобин сайри Душанбеи солҳои 60-уми асри гузашта мекунад.

Муаллифи филмнома ва коргардони он Диловар Султонӣ буда, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷов ва наворбардор Акмал Восидӣ мебошанд. Филми “Бункер” дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Аъзам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд. Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, он дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соли 2019 рӯйи навор омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.