Генерали амрикоӣ: нерӯҳои ИМА боз чанд сол дар Афғонистон мемонанд

Генерали артиши ИМА Марк Милли, роҳбари Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳо мегӯяд, нерӯҳои низомии амрикоӣ, ки муддати 18 сол дар Афғонистон қарор доранд, боз чанд соли дигар дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Марк Милли рӯзи 10-уми ноябр дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии амрикоии АВС гуфтааст, пас аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 мақсади аввали интиқоли нерӯҳои ИМА ба Афғонистон […]

Генерали артиши ИМА Марк Милли, роҳбари Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳо мегӯяд, нерӯҳои низомии амрикоӣ, ки муддати 18 сол дар Афғонистон қарор доранд, боз чанд соли дигар дар ин кишвар боқӣ мемонанд.

Марк Милли рӯзи 10-уми ноябр дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии амрикоии АВС гуфтааст, пас аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 мақсади аввали интиқоли нерӯҳои ИМА ба Афғонистон дар он ифода меёфт, ки ин кишвар дигар ҳаргиз паноҳгоҳи террористон набошад. Дар ин бора Азаттык хабар медиҳад.

“Ин рисолат то ҳол иҷро нашудааст, – афзудааст генерал. – Барои муваффақ шудани ин рисолат, ҳукумат ва нерӯҳои Афғонистон бояд ба таъмини амнияти дохилӣ қодир бошанд, то ба террористон имкон надиҳанд, ки қаламрави худро барои ҳуҷум ба дигар кишварҳо, бахусус, ИМА истифода баранд”.

Айни замон дар Афғонистон ҳудуди 14 ҳазор низомии ИМА, ҳамчунин ҳазорон сарбозу афсари Аврупо дар ҳайати нерӯҳо таҳти роҳбарии НАТО ҳузур доранд.

Чанде қабл иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Маъсуд Андаробӣ (Massoud Andarabi) аз торумор кардани нерӯҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар қаламрави ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Андаробӣ, гурӯҳҳои хурди ДОИШ ба нерӯҳои ҳукумат таслим шуда, тахрибкороне, ки ба дигар минтақаҳо рафтаниянд, дар ҷараёни амалиёти махсус маҳв карда мешаванд.

Ба қавли ӯ, сокинони маҳаллӣ ба фаъолияти кадом як “шабакаи хориҷӣ” дар қаламравашон роҳ намедиҳанд.

Ин изҳороти роҳбари ВКД-и Афғонистон дар маросими таъини сардори нави Раёсати пулис дар вилояти шарқии Нангарҳор садо дод, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бори нахуст соли 2014 дар ин ҷо қароргоҳ барпо кард. Дар ин бора 1TV хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.