Ҷарима барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

Додгоҳи шаҳри Бохтар собиқ мутахассиси Кумитаи идораи заминро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима кардааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1-уми феврали соли 2017 то 2-юми январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, бо суистифода аз мақоми хизматӣ дар ин давра ба боварии шаҳрванд […]

Додгоҳи шаҳри Бохтар собиқ мутахассиси Кумитаи идораи заминро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1-уми феврали соли 2017 то 2-юми январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, бо суистифода аз мақоми хизматӣ дар ин давра ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳор Набиевич, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар даромадааст.

Ин корманди маҳаллии Кумита ҳарчанд ваколати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надошта бошад ҳам, дидаю дониста барои замини ёрирасони шахсии (президентӣ)-и падари ҷабрдида Қодиров Набиҷон Маҳмадовичро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ додан, 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Бо гирифтани ин маблағ, онро ба манфиати шахсияш истифода карда, бо ин роҳ ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.

Прокурори шаҳри Бохтар нисбат ба Дилшод Кенҷаев бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» (Қаллобӣ ба миқдори калон) ва 3381 қисми 2 бандҳои «а, в» (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол кардааст.

Дилшод Кенҷаев бо ҳукми суди шаҳри Бохтар гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.