Омодагии ҲСТ ба маъракаи интихоботи парлумонӣ

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) омодагиро ба маъракаи интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оғоз кардааст, ки он аввали баҳори соли оянда баргузор мешавад. Дар ин хусус раиси ҲСТ, вакили амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҳалим Ғаффоров хабар дод. “Замони дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб даҳаи аввали моҳи декабр маълум мешавад. Аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ […]

Аваз Юлдошев

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) омодагиро ба маъракаи интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оғоз кардааст, ки он аввали баҳори соли оянда баргузор мешавад. Дар ин хусус раиси ҲСТ, вакили амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҳалим Ғаффоров хабар дод.

“Замони дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб даҳаи аввали моҳи декабр маълум мешавад. Аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва рӯйхати ҳизбӣ мо на камтар аз 15 аъзои ҲСТ-ро пешбарӣ карданием”, – гуфт Ғаффоров.

Вай афзуд, ки айни замон Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба интихоби номзадҳо машғул аст.

“Талаботи асосӣ барои номзадҳо аз ҳизби мо огаҳ будан аз ҷараёни қонунофарӣ, ватандӯстӣ ва шиносоии наздик бо мушкилоти интихобкунандагон мебошад”, – қайд кард пешвои ҲСТ.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 15-уми июни соли 1996 дар анҷумани Хуҷанд таъсис дода шуд. Муассиси ҳизб адвокати маъруф, собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев буд.

Рӯзи 6-уми августи соли 1996 ин ҳизб дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Сафаралӣ Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.

Соли 2000 олими соҳаи физика Мирҳусейн Назриев раиси ҳизб интихоб шуд.

Аввали соли 2004 ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Яке аз ҷиноҳҳо бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, ҷиноҳи дигар таҳти сарварии Мирҳусейн Назриев мавқеи мухолифи ҳукуматро дошт.

Ҳар ду ҷиноҳ ҳам номи “Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон”-ро барои худ нигоҳ доштанӣ буданд, аммо Вазорати адлия зери ин ном ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро сабтином кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.