Даркушоӣ ва наҷоти кӯдаки дусола

Наҷотбахшон зарфи шабонарӯзи гузашта духтарчаи хурдсолро аз ҳаммоми дарбаста раҳонида, барои кушодани манзили истиқоматӣ кумак расониданд. Як сокини ноҳияи Синои пойтахт шаби 10-уми ноябр ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ) занг задааст. Ин зани ҷавон бо изтироб хабар додааст, ки аз сабаби номаълум дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он […]

Наҷотбахшон зарфи шабонарӯзи гузашта духтарчаи хурдсолро аз ҳаммоми дарбаста раҳонида, барои кушодани манзили истиқоматӣ кумак расониданд.

Як сокини ноҳияи Синои пойтахт шаби 10-уми ноябр ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ) занг задааст. Ин зани ҷавон бо изтироб хабар додааст, ки аз сабаби номаълум дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он духтарчаи дусолааш мондааст. Худи ӯ ҳарчанд талош кардааст, аммо дарро кушода натавонистааст. Наҷотбахшони дастаи зудамали раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба суроғаи он зан дар кӯтоҳтарин фурсат расида, бе ягон осеб дарро боз карданд ва тифлакро ба модараш доданд. 

Худи ҳамин шаб дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дар баста шудааст ва онҳо мустақилона онро кушода натавонистаанд. Кормадони КҲФ баъд аз даъват фавран ба маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва имкони вуруди сокинонро фароҳам оварданд. 

КҲФ ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо рақамҳои 112 ва ё 93 880 28 19 хабар расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...