Куштори ҳамсарон дар Суғду Хатлон барои ҷудошавӣ ва рад кардани муносибати маҳрамона

Дар шимоли кишвар як мард зани ҳомилаи худро пеши чашмони модараш ва дар ҷануб як нафари дигар завҷаашро барои рад кардани муносибати маҳрамона куштаанд. Куштор барои ҷудошавӣ Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаро нисбат ба сокини 26-солаи ҷамоати Нофароҷи деҳоти Навободи шаҳри Истаравшан Насибҷон Азизов ба итмом расонид. Додгоҳ ӯро […]

Дар шимоли кишвар як мард зани ҳомилаи худро пеши чашмони модараш ва дар ҷануб як нафари дигар завҷаашро барои рад кардани муносибати маҳрамона куштаанд.

Куштор барои ҷудошавӣ

Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаро нисбат ба сокини 26-солаи ҷамоати Нофароҷи деҳоти Навободи шаҳри Истаравшан Насибҷон Азизов ба итмом расонид.

Додгоҳ ӯро дар куштор гунаҳкор дониста, ба 18 соли маҳрумият аз озодӣ дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи май ҳамсари Азизов бо фарзандонаш назди волидонаш рафта, барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишт. Маҳкумшуда ба идомаи ҳаёти муштарак бо завҷааш хоҳиш дошт, аммо зан розӣ набуд.

Фоҷиа рӯзи 5-уми августи соли 2019 рух дод.

“Маҳкумшуда бо мошини худаш таксиеро дарёб мекунад, ки дар он зану модараш қарор доштанд. Ӯ ба нишастгоҳи қафои такси паҳлӯи занаш нишаста, бо корди хоҷагӣ ба ӯ 7 зарба мезанад ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – гуфт судя.

Дар натиҷа ҷавонзани он замон ҳомиладор фавтида, се фарзандни ноболиғаш – духтарони ду, се ва ҳаштсола ятим монданд.

Қатли ҳамсар барои рад кардани муносибати маҳрамона

Суди ноҳияи Восеъ нисбат ба шаҳрванд Фаррух Халифаев, сокини шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукм содир карда, ӯро дар куштори барқасдона гунаҳкор донист. Моҳи июни соли 2018 Халифаев ҳамсари худро куштааст.

Дар ин рӯз Халифаев субҳи барвақт ба хона омада, ҳамсари ҳамроҳи кӯдакон хобидаашро бедор мекунад.

Ӯ занро барои муносибати маҳрамона ба хонаи дигар даъват менамояд. Зан ин хоҳиши ӯро рад мекунад. Мард аз ин ҷавоб хашмгин шуда, ба ҷисми завҷааш 13 зарбаи корд мезанад. Зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Халифаев пас аз содир кардани ҷиноят худаш ба ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ҳозир шуда, ба амалаш иқрор мешавад.

Ӯ бо қарори суди ноҳияи Ҳамадонӣ ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.