Пули сафари варзишгарон бо роҳи сохтакории ҳуҷҷат аз худ шудааст

Масъулини соҳаи варзиши Конибодомро барои тасарруфи маблағи буҷаи давлат ҷарима карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ медиҳад. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Шарифов В.Д. бо сарвари Муассисаи давлатии варзишии шаҳр Саидов З.Т. ва муовини ӯ Каримҷонов Р.Р. бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва мақсади ғараз маблағҳои аз буҷаи давлат ҷудошударо тасарруф кардаанд. Онҳо бо […]

Масъулини соҳаи варзиши Конибодомро барои тасарруфи маблағи буҷаи давлат ҷарима карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ медиҳад.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Шарифов В.Д. бо сарвари Муассисаи давлатии варзишии шаҳр Саидов З.Т. ва муовини ӯ Каримҷонов Р.Р. бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва мақсади ғараз маблағҳои аз буҷаи давлат ҷудошударо тасарруф кардаанд. Онҳо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи ба мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ба шаҳрҳои Киев (Украина) ва Красноярск (Русия) фиристодани варзишгарон Алӣ Шарифов (бародари Шарифов В.Д.) ва Олимҷон Назиров бо маълумоти бардурӯғ фармоишҳо ба тасвиб расонидаанд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ҷиноӣ ба буҷаи давлат 30522,29 сомонӣ зарари молиявӣ расидааст.

Прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба ашхоси мазкур аз рӯйи моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои "а,б,г" (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Шарифов В.Д., Саидов З.Т. ва Каримҷонов Р.Р. бо ҳукми суди шаҳри Конибодом дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби роҳбарикунанда дар муассисаҳои варзишӣ ба муҳлати 1 сол таъин гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.