Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе вохӯрданд

Вохӯрии вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҳамсоякишвар Бахтиёр Сайфуллоев имрӯз, 12-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллӣ доир шуд. Шамсиддин Орумбекзода ҳамтои ӯзбекистонии худро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин чорабинӣ боз як қадами устувор барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мебошад. […]

Вохӯрии вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҳамсоякишвар Бахтиёр Сайфуллоев имрӯз, 12-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллӣ доир шуд.

Шамсиддин Орумбекзода ҳамтои ӯзбекистонии худро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин чорабинӣ боз як қадами устувор барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мебошад.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос ва хушнудӣ кард, ки дар чунин муддати кӯтоҳ боз ба Тоҷикистон сафар намуда, бо дӯстони тоҷики худ вохӯрдааст.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, ҷонибҳо оид ба нақшаҳои минбаъдаи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла, густариши робитаҳо дар соҳаи театри касбӣ, мусиқӣ, тарбияи мутахассисон, ташкили намоишгоҳҳои аксбардорону рассомон ва сафари ҳунарии гурӯҳҳои фарҳангӣ суҳбат карданд.

Баъд аз анҷоми вохӯрии расмӣ вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба суолҳои рӯзноманигорони ду кишвар дар бораи барномаи чорабинӣ ва дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳо посух доданд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз расман Рӯзҳои навбатии фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шурӯъ мешаванд.

“Мо аз он изҳорӣ хушнудӣ мекунем, ки дар муддати начандон тӯлонӣ бори дуввум Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Боиси сарфарозист, ки ба ҳайати он устодони машҳури санъат ва ҳунари Ӯзбекистон шомил шудаанд. Мо ифтихор дорем, ки Президентҳои ду кишвар бо ҳам муносибатҳои неки дӯстона доранд ва ин имкон медиҳад, ки робитаҳои фарҳангӣ рӯз аз рӯз инкишоф ёбанд”, – иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон иброз дошт, ки муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя аз қаъри таърих ибтидо мегирад. “Мо як халқ ҳастем, ки ба ду забон сухан мегӯем. Мо ҳамдигарро бидуни тарҷума мефаҳмем. Мо урфу одат, санъату ҳунари ягона дорем. Мо хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар роҳҳои нав ба нави ҳамкорӣ боз шуда, муносибатҳо торафт зичтар ва судмандтар мешаванд. Хеле хуш аст дидани он, ки имрӯзҳо халқи оддӣ ва сайёҳон беш аз пеш ба ҳар ду кишвар сафар мекунанд”, – гуфт ӯ.

Бахтиёр Сайфуллоев афзуд, ки ҳамасола аҳли ҳунари тоҷик дар ҷашнвораю фестивалҳои Ӯзбекистон ширкат меварзанд. “Мо соли 2018 аввалин Ҷашнвораи байнулмилалии мақомро баргузор кардем, ки дар он дӯстони мо – ҳунарпешаҳои тоҷик сазовори шоҳҷоиза шуданд”, – иброз дошт вазири фарҳанги Ӯзбекистон ва илова намуд, ки онҳо нияти ба шаҳри Тошканд даъват кардани ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро доранд.

Сипас рӯзноманигорон дар бораи ташкили дастаҳои муштараки суруду рақс, нашри китобҳои бадеӣ ба забони ӯзбекӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор суолҳо дода, посухҳои муфассал гирифтанд.

Ҳайати расмӣ ва ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 57 нафар иборат аст. Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, боз якчанд ҳунарманди шоиста ва маъруфи ҳамсоякишвар, инчунин ансамбли “Мақом” ва дастаи рақсии “Тошкент зеболари” шомили он мебошанд.

Шоми 12-уми ноябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мепазирад. Қабл аз он дар долони театр намоиши аксу мусаввараҳо дар мавзӯи “Ӯзбекистони муосир” баргузор мешавад.

Рӯзи 13-уми ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанг ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Шоми 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ҳунарпешагони ӯзбек ва тоҷик дар назар аст.

Ҳайати меҳмонон тӯли ин рӯзҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз ҳам боздид мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.