Ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳисобот доданд

Date:

Имрӯз, 14-уми ноябр таҳти роҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба ин масъала прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷараёни татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” баррасӣ гардид. Зимнан ҳисоботи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои ин қонун шунида шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои Қонуни мазкур дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбат ба зиёда аз 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз 6 ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, озод карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро чиҳати сари вақт таъмин кардани иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он дастурҳо дод.

Зикр мешавад, ки дар ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аз дигар ҷузъиёти ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...