Туркия 21 тоҷикистонии узви ДОИШ-ро истирдод мекунад

Date:

Ҳукумати Туркия истирдоди шаҳрвандони хориҷии ҷонибдори созмони террористии ба ном Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, ба нақша гирифтааст.

Тавре нашрияи туркии Hurriyet  хабар медиҳад, дар рӯйхати хориҷиёни зархарид 21 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Туркия ҳамагӣ 959 нафар ҷонибдорони эҳтимолии Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, истирдод карданист.

Аз ҷумла, дар байни онҳо 99 зодаи Русия, 82 нафар аз Ӯзбекистон, 21 нафар аз Тоҷикистон, 23 нафар аз Қирғизистон, 10 нафар аз Қазоқистон, 29 нафар аз Озарарбойҷон ва даҳҳо шаҳрванди кишварҳои аврупоӣ ҳастанд.

Қаблан вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар бораи аз рӯзи душанбе оғоз шудани истирдоди ҷангиёни ДОИШ ба кишварҳояшон хабар дода буд. Аввалин узви ДОИШ – зодаи ИМА, ки ба Юнон фиристода шуд, аз ҷониби ҳукумати ин кишвар қабул нашуд.

“Кӣ дар сарҳад мондааст, кадом кишвар ҷангиёни худро қабул карду кадомаш рад кард, мо ба ин кор надорем ва истирдоди онҳоро давом медиҳем”, – гуфт Сойлу ба рӯзноманигорон дар Анқара.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...