Роҳбари «Smart city»: Шаҳрдорӣ ба рушди Wi-Fi дар Душанбе мусоидат мекунад

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тартиби кори интернет аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi дар қаламрави пойтахт маънои онро надорад, ки Wi-Fi дар шаҳр зери назорат гирифта мешавад. Роҳбари КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) Саъдӣ Самадов, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ин корхона вогузор шудааст, ба “Азия-Плюс” итминон дод, ки қарори раиси шаҳр ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тартиби кори интернет аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi дар қаламрави пойтахт маънои онро надорад, ки Wi-Fi дар шаҳр зери назорат гирифта мешавад.

Роҳбари КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) Саъдӣ Самадов, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ин корхона вогузор шудааст, ба “Азия-Плюс” итминон дод, ки қарори раиси шаҳр ба тавсеъаи кори интернет тибқи технологияҳои Wi-Fi дар қаламрави пойтахт равона шудааст.

“Мо ба фаъол кардани интернет аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi натанҳо дар маркази пойтахт, балки дар гӯшаву канори он низ мусоидат мекунем, – гуфт Самадов.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки корхона барои тақвияти талошҳои шаҳрдорӣ барои ободонии пойтахт, ҳамоҳангсозии амалҳои ҳукумат дар ин самт ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар матбуот оид ба роҳандозии Wi-Fi дар ин ё он боғу қаҳвахонаҳои шаҳр бисёр маълумот нашр мешавад, лекин дар асл чунин нуқтаҳои дастрасӣ ба интернет дар миқёси начандон калон гузошта шудааст.

Дар робита ба масъалаи сабти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба муштариён дастрасии интернетро тариқи технологияҳои Wi-Fi пешниҳод мекунанд, гуфта шуд, бақайдгирии онҳоро моликони нуқтаҳо (дар боғу истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ) бепул анҷом медиҳанд.

“Дар масъалаи таъмини амният байни корбарони Wi-Fi-и ройгон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гуфтаниам, ки мувофиқи қоидаҳои ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) пеш аз истифодаи Wi-Fi корбарон ҷиҳати васл ба телефон рамзҳо (кодҳо)-и махсус мегиранд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки шаҳрвандони корбари Wi-Fi-и бепул сомонаҳои номақбулро накушоянд”, – афзуд Самадов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.