Лоиҳаи нав – “Инкишофи барвақтӣ”. Падару модарон, ин барои шумост!

Барои кӯдакон инкишофи дурусти барвақтӣ хеле муҳим аст, то ки дар оянда иқтидори онҳо комилан рушд кунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” ва радиои Asia-Plus лоиҳаи ҷолиб ва хеле муфид – “Инкишофи барвақтӣ”-ро роҳандозӣ мекунанд. Чӣ гуна метавон ба даҳҳо суол посух дарёфт, бахусус, агар кӯдак мисли дигарон инкишоф наёбаду дар кишвар мутахассисон қариб нестанд? Коршиносони байнулмилалӣ ва […]

Asia-Plus

Барои кӯдакон инкишофи дурусти барвақтӣ хеле муҳим аст, то ки дар оянда иқтидори онҳо комилан рушд кунад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” ва радиои Asia-Plus лоиҳаи ҷолиб ва хеле муфид – “Инкишофи барвақтӣ”-ро роҳандозӣ мекунанд.

Чӣ гуна метавон ба даҳҳо суол посух дарёфт, бахусус, агар кӯдак мисли дигарон инкишоф наёбаду дар кишвар мутахассисон қариб нестанд?

Коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ ба волидон дар бораи таъмини инкишофи дурусти барвақтии кӯдак ва кумак ба ӯ баҳри минбаъд ба дастовардҳо ноил гардидан маълумоти муфид хоҳанд дод.

Инак, дар лоиҳаи нави мо дар радиои Asia-Plus (107FM) шумо аз ин масъалаҳо огоҳ шуда метавонед:

* Оё нигарон бояд шуд, агар кӯдаки Шумо на ба мисли дигарон инкишоф меёбад?

* Чӣ бояд кард, агар мушкилот мушоҳида мешаванд?

* Кай дар кӯдак ҳиссиёт, зеҳн ва нутқ ташаккул меёбад?

* Чаро синни то сесола давраи махсус шуморида мешавад?

* Истеъмоли доруворӣ дар айёми кӯдакӣ ба рушди мағзи сар таъсир расонида метавонад?

* Чаро бо кӯдак бозӣ мебояд кард? Ва чӣ гуна онро дуруст анҷом метавон дод?

* Чӣ гуна метавон душвориҳоро дар рафтори кӯдак бартараф кард?

* Мушкилоти рушдро дар давраҳои барвақтӣ чӣ хел метавон ошкор кард? Ва барои чӣ ин муҳим аст?

* Аутизм ва синдроми Даун чист?

* Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) чист ва чаро он натанҳо барои кӯдакони инкишофашон махсус, балки барои ҳамаи касони ба ҷараён ҷалбшуда муҳим аст?

Ду маротиба дар як моҳ рӯзҳои ҷумъа дар пахши мустақими радио дар ҳамдастӣ бо Asia-Plus ҳамроҳ бо коршинсон ба даҳҳо суолҳои муҳиму рӯзмарра доир ба инкишофи барвақтии кӯдакон посухҳо ҷустуҷӯ хоҳем кард.

Мо бо мусоҳибон дар бораи ҳолатҳои мушкилоти инкишоф дар марҳилаҳои барвақтӣ, фарогирӣ ва нигоҳубину ғамхории дуруст ба кӯдакон маълумот медиҳем.

Дар доираи лоиҳа ду маротиба дар як ҳафта ба шакли конфронси видеоӣ коршиносони байнулмилалӣ ба суолҳои волидони кӯдакони инкишофашон махсус дар бораи нигоҳубину рушд ва тарбияи онҳо ҷавоб хоҳанд дод. Вебинарҳо дар Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешаванд.

Замон ва макони баргузорӣ, ҳамчунин мавзӯи барномаҳо дар саҳифаҳои радиои Asia-Plus ва ТҶ «Ирода» дар Facebook қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.