Қаллобии як зан ба маблағи наздики 1 млн. 900 ҳазор сомонӣ

Як зани 48-сола бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум ба арзишҳои динӣ сатру ҳиҷоб ба бар намуда, дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Зайналобод, муҷаррад, маълумоташ олӣ – хатмкардаи Донишгоҳи исломии […]

Манзума ФИРӮЗ, Asia-Plus

Як зани 48-сола бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум ба арзишҳои динӣ сатру ҳиҷоб ба бар намуда, дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Зайналобод, муҷаррад, маълумоташ олӣ – хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Моҳпарӣ Аълоева боздошт шудааст.

Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда аз шаҳрвандон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, бо мақсади дохил намудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба Ҳаҷ фиристодану ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан, маблағҳои шаҳрвандонро аз они худ кардааст.

Зимни азназаргузаронии манзили ба иҷора гирифтаи ӯ 17-адад муҳри Донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла, муҳри «ХАЗИНА-пардохт шуд», «НУСХА дуруст аст», «ВОРИДОТ №__», ҳамчунин шиносномаву аттестат ва як қатор ҳуҷҷатҳои ба таври сохтакорӣ омодашуда дарёфту мусодира гардиданд.

Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Аълоева Моҳпарӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар мавридҳои зиёд аз шаҳрвандон аз 10 то 80 000 сомонӣ ба хотири ба донишгоҳҳо дохил кардан маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.

Гумонбар аз шаҳрванд Сабоҳат Алламуродова барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил кардани писараш ба маблағи 50 000 сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.

Ӯ аз шаҳрванд Ҳусния Расулова ба хотири ба тиҷорат машғул шудан 80 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардондааст. Инчунин аз шаҳрванд Маҳмадсаид Розиқов барои ӯ ва 8 хешовандашро ба маросими Ҳаҷ-2019 фиристонидан 220 000 сомонӣ гирифта, барнагардондааст.

Дар ҳолати дигари парванда гумонбаршаванда Моҳпарӣ Аълоева бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Мансурова Ҷамила Сулаймоновна даромада, бо воситаи ӯ аз 70 нафар довталабони донишкадаву донишгоҳ ва коллеҷҳои кишвар дар умум 884 000 сомонӣ маблағҳои калони пулӣ ба даст оварда, ба онҳо ваъдаи бардурӯғ додааст, ки бо тариқи шартномавӣ ба муассисаҳои олӣ дохил мекунад.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон наздики 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Барои муайянсозии ҳолатҳои дигари ба ҷинояти қаллобӣ даст доштани номбурда корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Айни замон нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4-Коддекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ оид ба муайян кардани ҳаммаслакони ҷиноии ӯ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.