Ҳаракати нақлиёт дар ағбаҳои Хатлон қатъ нашудааст

Дар ағбаҳои вилояти Хатлон вазъ хуб аст ва ҳаракати нақлиёт қатъ нашудааст. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд.  “Аз нимашаби 21 ба 22 ноябр дар ҳамаи минтақаҳои вилояти Хатлон бориши барф ба назар мерасад. Аз ин хотир ҳамаи хадамотҳои масъул дар ҳолати омодабош қарор […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ағбаҳои вилояти Хатлон вазъ хуб аст ва ҳаракати нақлиёт қатъ нашудааст.

Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд. 

“Аз нимашаби 21 ба 22 ноябр дар ҳамаи минтақаҳои вилояти Хатлон бориши барф ба назар мерасад. Аз ин хотир ҳамаи хадамотҳои масъул дар ҳолати омодабош қарор доранд. Айни замон ягон ҳолати садама ва ё офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ағбаҳои қаламрави вилоят ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ нагардидааст. Муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард гурӯҳҳои навбатдории махсусро бо техникаи зарурӣ дар ағбаҳо ташкил кардаанд. Маводи зиддилағзишӣ таъмин аст”, – мегӯяд манбаъ.

Дар навбати худ Насрулло Файзуллозода, сардори Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хабар дод, ки айни замон барои таъмини ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт дар ағбаҳои зери назорати онҳо гурӯҳи кормандони ин ниҳод шабонарӯзи навбатдорӣ мекунанд.

“Ҳамзамон 22 адад техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст. Дар маҷмӯъ, зерсохторҳои ин ниҳод дар 13 шаҳру ноҳияи минтақа тамоми чораҳоро барои гузаронидани зимистон дидаанд. Аз 69 техникаи роҳсозию барфрӯбӣ 67 ададаш фаъол аст. Ҳамчунин 1 ҳазору 612 метри мукааб маводи зидилағзишӣ, беш аз 22 тона сӯзишворӣ ва 19 тона ангишт захира шудааст. Барои кормандон либоси гарми корӣ ва хӯроки гарм таъмин карда мешавад”, – афзуд Файзуллозода.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда бо таъкид ба вазъи номусоиди боду ҳаво аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва ё аз эҳтиёт кор бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.