СММ беш аз $500 млрд. дар як сол афзудани хароҷот ба ҳифзи иҷтимоиро дар ҷаҳон тавсия дод

Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расид, ки хароҷот ба соҳаи иҷтимоиро дар ҷаҳон беш аз 500 млрд. доллар дар як сол афзудан зарур аст, то фарогирии сартосарии ҳифзи иҷтимоӣ таъмин шавад. Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба гузориши Созмони ҷаҳонии меҳнат иттилоъ медиҳад, ин ҷо дар навбати аввал сари кумакпулиҳо ба кӯдакон, ёрӣ ба модарони дорои […]

Asia-Plus

Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расид, ки хароҷот ба соҳаи иҷтимоиро дар ҷаҳон беш аз 500 млрд. доллар дар як сол афзудан зарур аст, то фарогирии сартосарии ҳифзи иҷтимоӣ таъмин шавад.

Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба гузориши Созмони ҷаҳонии меҳнат иттилоъ медиҳад, ин ҷо дар навбати аввал сари кумакпулиҳо ба кӯдакон, ёрӣ ба модарони дорои тифли навзод, нафақаҳо барои маъюбон ва калонсолон сухан меравад.

Коршиносони Созмон вазъро дар 134 кишвар ба риштаи таҳлил кашида, аз рӯйи натиҷаҳои он муайян кардаанд, ки ҳамагӣ 8,5% кӯдакон ба таври кофӣ бо ҳифзи иҷтимоии зарурӣ таъминанд.

Дар кишварҳои даромадашон паст танҳо 15,3% одамони синни калонсол, дар мамолики даромадашон миёна ва баланд мутаносибан 35% ва 90% нафақа мегиранд.

Маблағгузорӣ ба афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ тавассути боло бурдани андозҳо, тавсеъаи кумаки байнулмилалӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.