Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон таҷҳизоти халали радиоии “Поле-21” мегирад

Гурӯҳи воситаҳои муборизаи радиоэлектронии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бори нахуст бо комплески муосири халали радиоии “Поле-21” муҷаҳҳаз мешавад. Тавре сомонаи расмии Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, то охири соли равон тариқи ҳавопаймоҳои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ ин дастгоҳи махсус ба фурудгоҳи Ҳисор интиқол дода мешавад. Комплекси “Поле-21” барои ҳимояи иншооти муҳими стратегӣ аз мушакҳо, дрон ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гурӯҳи воситаҳои муборизаи радиоэлектронии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бори нахуст бо комплески муосири халали радиоии “Поле-21” муҷаҳҳаз мешавад.

Тавре сомонаи расмии Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, то охири соли равон тариқи ҳавопаймоҳои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ ин дастгоҳи махсус ба фурудгоҳи Ҳисор интиқол дода мешавад.

Комплекси “Поле-21” барои ҳимояи иншооти муҳими стратегӣ аз мушакҳо, дрон ва бомбаҳои авиатсионии идорашаванда тавассути фурӯнишонии радиоии дастгоҳ, ки аз сигналҳои шабакаи моҳвораҳои глобалӣ ва низомҳои радионавигатсионӣ истифода мекунад, пешбинӣ шудааст.

Истифодаи “Поле-21” ҳамроҳи дигар воситаҳои мавҷудаи муқовимати радиоэлектронии «Житель», «Силок» ва «Лесочек» ҳимояи пойгоҳро аз ҳуҷуми дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои радиотехникӣ ва радиоэлектронии иктишофӣ, ҳамчунин ҳадафгирии аслиҳаи саҳеҳиаш баланд ба таври назаррас тақвият медиҳад.

Ин дастгоҳи муосир ба гузоштани садҳо нуқтаи халали радиоӣ имкон фароҳам месозад. Низоми автоматии комплекс ба шароити гуногуни иқлим мутобиқ буда, ба кор дар ҳарорати аз 40 дараҷа сард то 50 дараҷа гарм омода аст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламраваш дониста мешавад. Он дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Мутобиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муайян гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.