Барои кӯшиши куштори тоҷикистонӣ дар Петербург гумонбар 8 сол ҳукми зиндон гирифт

Дар суди ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 25-уми ноябр баррасии парвандаи Алексей Янулевичус ба иттиҳоми кӯшиши куштори тоҷикистонӣ Самадов (номаш нест) ба итмом расид. Гуфта мешавад, Самадов муштзан будааст. Тавре “Фонтанка” хабар медиҳад, Янулевичусро барои куштани Самадов шахси бонуфуз дар олами ҷиноӣ Антон Иконников киро кардааст. Субҳи 22-юми феврали соли 2018 дар даромадгоҳи хонае дар кӯчаи […]

Asia-Plus

Дар суди ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 25-уми ноябр баррасии парвандаи Алексей Янулевичус ба иттиҳоми кӯшиши куштори тоҷикистонӣ Самадов (номаш нест) ба итмом расид. Гуфта мешавад, Самадов муштзан будааст.

Тавре “Фонтанка” хабар медиҳад, Янулевичусро барои куштани Самадов шахси бонуфуз дар олами ҷиноӣ Антон Иконников киро кардааст.

Субҳи 22-юми феврали соли 2018 дар даромадгоҳи хонае дар кӯчаи Варшавская Янулевичус ба сӯйи Самадов тир мепарронад. Тирҳо ба сар, тан ва дасти ӯ расиданд, аммо захмҳо марговар набуданд ва ин варзишгарро табибон, ки аз ҷониби сокинони хона даъват шуданд, наҷот бахшиданд.

Тибқи иттилои “Фонтанка”, сабаби “фармоиш”-и қатли Самадов қасдгирӣ будааст, зеро ӯ дар бозори Купчино машғули кор буда, мошини Иконниковро ба қаламрави он роҳ надодааст.

Парвандаи фармоишгари эҳтимолии куштор Антон Иконников дар истеҳсолоти ҷудогона қарор дорад.

Янулевичус ба даст доштан дар суиқасд ва гардиши ғайриқонунии аслиҳа низ гумонбар буд, лекин дар суд муайян шуд, ки ӯ аслиҳа харидаву бо худ нигоҳ надоштааст ва онро аз ҷойи фармуда гирифта, аз рӯйи таъинот истифода кардааст.

Вай ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад. Дар мурофиа Янулевичус ба гуноҳаш иқрор нашуда, изҳор доштааст, ки фикри куштан надошт. Ӯ танҳо ба гуноҳи даст доштан дар расонидани зарари ҷисмонӣ қисман иқрор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.