Оғози омодагирии Душанбе ба қабули сарони кишварҳои СҲШ дар соли 2021

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки тобистони соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, баргузор кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки тобистони соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, баргузор кард.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар бораи тасмими Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конференсияи дуюм оид ба масоили об дар доираи “Раванди Душанбе оид ба даҳсола” рӯзи 12-юми ноябр раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба масоили тағйирёбии иқлим дар Порис изҳори назар карда буд.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсисёбии он соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.

СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти он пазируфта шуданд.

Давлатҳои Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон кишварҳои нозири созмон ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарик мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.