Прокуратураи Суғд 168 роҳи ғайриқонунии интиқоли бор тариқи сарҳадро ошкор кард

Прокуратураи вилояти Суғд 168 роҳу воситаҳои ғайриқонуниеро, ки тавассути онҳо молу маҳсулот тариқи қочоқ – бе ҳуҷҷат ва пардохти боҷи давлатӣ гузаронида мешаванд, ошкор кардааст. Дар Шӯрои ҳамоҳангсози прокуратураи вилоят оид ба масоили гумрук сардори сохтори гумруки прокуратураи вилоят М.Пардазода изҳор дошт, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ба қаламрави минтақа маҳсулоти пастсифат ба маблағи […]

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Суғд 168 роҳу воситаҳои ғайриқонуниеро, ки тавассути онҳо молу маҳсулот тариқи қочоқ – бе ҳуҷҷат ва пардохти боҷи давлатӣ гузаронида мешаванд, ошкор кардааст.

Дар Шӯрои ҳамоҳангсози прокуратураи вилоят оид ба масоили гумрук сардори сохтори гумруки прокуратураи вилоят М.Пардазода изҳор дошт, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ба қаламрави минтақа маҳсулоти пастсифат ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар постгоҳҳои назоратӣ мақомоти марбута уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд. “Мавҷуд набудани озмоишгоҳ ва мутахассисон барои таҳлили саривақтии маҳсулот ба коррупсия ва ворид шудани маҳсулоти пастсифат боис мегарданд”, – таъкид дошт номбурда.

Ҳамчунин гирифтани гувоҳнома (сертификат) аз “Тоҷикстандарт” низ гарон меафтад, ки ин омил низ ба ришвахорӣ оварда мерасонад.

“Масалан, барои гирифтани гувоҳнома ба маҳсулот ба маблағи умумии 1000 сомонӣ 222 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд, ки ҳатто аз боҷи гумрукӣ хеле гаронтар аст”, – иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, ки дар соли 2018 ва 9 моҳи соли ҷорӣ 3733 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи 6,8 млн. сомонӣ ошкор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.