Роҳандозии ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Миср

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматтуллозода бо вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Миср Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ масоили ҳамкориҳои энергетикии байни кишварҳоро баррасӣ кард. Тавре дафтари матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи серӯзаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар Қоҳира баргузор шуд. Гуфта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматтуллозода бо вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Миср Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ масоили ҳамкориҳои энергетикии байни кишварҳоро баррасӣ кард.

Тавре дафтари матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи серӯзаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар Қоҳира баргузор шуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, истифодаи имконоту захираҳои мавҷудаи соҳа, ҷалби сармоя ва боздиду шиносоии мутахассисони соҳа аз объектҳои энергетикии ҳар ду ҷониб табодули назар карданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Миср ҳамагӣ 502 ҳазор долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 50% афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.