Замони ироаи паёми ҳамасолаи раисҷумҳур ба парлумон маълум шуд

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр бо паёми ҳамасолаи худ ба парлумони кишвар муроҷиат мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон” доир мегардад.

Маъмулан дар паём масъала ва мушкилоти муҳим дар кишвар, аз ҷумла, масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисоду ҷомеа ва илму фарҳанг зикр мешаванд.

Соли гузашта зимни ироаи паём сарвари давлат дар бораи дастовардҳои назарраси кишвар аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун, беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон, ҳамчунин дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили истифодаи оби нӯшокӣ суханронӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...