Тоҷикистону Эрон дар бораи истифодаи пулҳои миллӣ барои савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд. Ин қарордод бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар шароити зери таҳримҳои амрикоӣ қарор доштани Эрон ба даст омадааст.
Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ бо ҳамтои точики худ Усмоналӣ Усмонзода дар Теҳрон изҳор доштааст, ки ҷонибҳо дар бораи минбаъд анҷом додани муомилоти молии байни ду кишвар бо асъори миллӣ ба тавофуқ расидаанд.
Ба гузориши PressTV, Ардакониён гуфтааст, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва энержии Эрону Тоҷикистон дар шароите сурат мепазирад, ки таҳримҳои ИМА боиси таваҷҷуҳи Эрон ба сармоягузорӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсоя шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории дар ҳоли рушд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ амалан натиҷаи таҳримҳои ИМА мебошад.
Шояд, таъкид доштааст Ардакониён, агар таҳримҳо намебуданд, Эрон ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо ин кишварҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекард.
Расонаҳои Эрон иттилоъ додаанд, ки Тоҷикистон дорои тақрибан 15% имконоти ҷаҳонии гидроэнергетикӣ буда, дар сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ба кумаки Эрон умедвор аст.
Ёдрас мекунем, Эрон дар ҷануби Тоҷикистон бо иқтидори 220 Мвт нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро сохтааст. Барои бунёди ин нерӯгоҳ 220 млн. доллар масраф шуда, 180 млн. доллар ҳиссаи Эрон ва 40 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ 51 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37% камтар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


