Шаби Cоли нав тоҷикистониёнро чӣ гуна обуҳаво интизор аст?

Ин ҳафта дар Тоҷикистон ҳарорати умумӣ то 5 дараҷа паст мешавад: аллакай имрӯз дар пойтахт акрабаки ҳароратсанҷ то 11 дараҷа гармӣ поин рафт. Тавре Агентии обуҳавошиносии Точикистон хабар медиҳад, ин ҳафта дар Душанбе то рӯзи якшанбе ҳаво сербориш мешавад. Дар саросари кишвар аз фардо, 10-уми декабр бориши борон оғоз шуда, он дар баъзе ҷойҳо ба барф мубаддал мешавад. “Ин ҳафта […]

Asia-Plus

Ин ҳафта дар Тоҷикистон ҳарорати умумӣ то 5 дараҷа паст мешавад: аллакай имрӯз дар пойтахт акрабаки ҳароратсанҷ то 11 дараҷа гармӣ поин рафт.

Тавре Агентии обуҳавошиносии Точикистон хабар медиҳад, ин ҳафта дар Душанбе то рӯзи якшанбе ҳаво сербориш мешавад.

Дар саросари кишвар аз фардо, 10-уми декабр бориши борон оғоз шуда, он дар баъзе ҷойҳо ба барф мубаддал мешавад.

“Ин ҳафта дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боришот дар назар аст. Дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо он ба барф мегузарад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Ҳарорат дар водиҳо рӯзона 6-11 дараҷа гарм ва дар минтақаи ҷануби кишвар то 15 дараҷа гарм мешавад.

Ҷамила Байдуллоева дар додани маълумоти дақиқ оид ба вазъи обуҳаво шаби Соли нав дар кишвар душворӣ кашида, изҳор дошт, ки он айни замон номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти портали интернетии Gismeteo.com, рӯзи 31-уми декабр ҳавои шаҳри Душанбе сарду офтобӣ хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ тоҷикистониён Соли нави мелодиро бе барф пешвоз гирифта буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.