Ҳалокати шаҳрванди Қазоқистон бар асари сӯхтор дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе зимни сӯхтор як шаҳрванди миллаташ гурҷӣ ба ҳалокат расид.  Бино ба иттилои ВКД, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 15-уми декабр сӯхтор ба амал омад. То ба ҷойи ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Натела Гугинева, соли таваллудаш 1980, миллаташ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе зимни сӯхтор як шаҳрванди миллаташ гурҷӣ ба ҳалокат расид. 

Бино ба иттилои ВКД, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 15-уми декабр сӯхтор ба амал омад. То ба ҷойи ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Натела Гугинева, соли таваллудаш 1980, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди Қазоқистон фавтидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои даромадгоҳи он аз ошёнаи 8-ум то 11-ум сӯхтор фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат паҳншаванда сокинони биноро ба таҳлука оварда буд.

Дар натиҷаи саривақт гузаронидани амалиёт ва дуруст сафарбар кардани қувваю воситаҳо, оташ ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нашуда, дар масоҳати аввалааш ба зудӣ хомӯш карда шуд.

Дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мутахассисони соҳа муайян карданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар кабелу ноқилҳои барқӣ ва аз меъёр зиёд истифодабарии нерӯи барқ аз тарафи сокинон будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.