Ҷараёни омодагии Душанбе ба пешвози Соли нав

Дар саросари ҷумҳурӣ омодагӣ ба таҷлили Соли нав оғоз гардид. Шаҳри Душанбе инз баҳри шоиста пешвоз гирифтани Соли нави 2020 омода мешавад. Дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр арчаҳои солинавӣ гузошта шудааст. Арчаҳои солинавӣ назди бозори “Султони Кабир”, бинои Сирки давлатӣ, гулгашти назди бинои Филармонияи давлатӣ, Театри опера ва балет, марказҳои савдои “Садбарг”, “Ашан”, “Рӯдакӣ Плаза”, […]

Дар саросари ҷумҳурӣ омодагӣ ба таҷлили Соли нав оғоз гардид. Шаҳри Душанбе инз баҳри шоиста пешвоз гирифтани Соли нави 2020 омода мешавад. Дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр арчаҳои солинавӣ гузошта шудааст.

Арчаҳои солинавӣ назди бозори “Султони Кабир”, бинои Сирки давлатӣ, гулгашти назди бинои Филармонияи давлатӣ, Театри опера ва балет, марказҳои савдои “Садбарг”, “Ашан”, “Рӯдакӣ Плаза”, бинои асосии Донишгоҳои миллӣ гузошта шуда, ба наздикӣ дар ҳамаи боғҳои пойтахт қомат меафрозанд.

Арчаи асосии солинавии кишвар дар майдони “Дӯстӣ” гузошта шуд. Имсол баландии он рекордӣ дар таърихи кишвар – 29 метр буда, масоҳати атофи пояаш 15 метр аст. Арчаи солинавии шаҳри Душанберо 16 ҳазор бозича зеб медиҳад.

Ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд. Дар дӯконҳои ин шаҳрак туҳфаҳои солинавиро бо шириниҳои гуногун мефурӯшанд.

Шаби 31-уми декабр дар майдони “Дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мешавад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арчаи баландтарин имсол дар Туркманистон гузошта шудааст, ки баландиаш 38 метр мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.