Тоҷикистонӣ барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сокини маҳаллиро барои иштирок дар амалиёти ҳарбӣ зидди давлатҳои хориҷӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини ноҳияи Спитамен Шуҳратҷон Сатимови 31-сола ҳангоми соли 2013 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан аз ҷониби аъзои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сокини маҳаллиро барои иштирок дар амалиёти ҳарбӣ зидди давлатҳои хориҷӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини ноҳияи Спитамен Шуҳратҷон Сатимови 31-сола ҳангоми соли 2013 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан аз ҷониби аъзои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба сафҳои он ҷалб мешавад.

Ӯ соли 2015 ба ДОИШ пайваста, бар зидди нерӯҳои ҳукумати Ироқу Сурия ҷангидааст.

“Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон он замон аз рӯйи далели узвият дар сафи созмонҳои террористӣ нисбат ба Сатимов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯ дар ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуд”, – хабар медиҳад маркази матбуот.

Пас аз торумори нерӯҳои ДОИШ дар қаламрави Сурия ва Ироқ Шуҳратҷон Сатимов ба Ватан баргашта, дастгир шудааст.

Суди ноҳияи Спитамен Сатимовро барои узвият дар сафи созмонҳои террористӣ ва иштирокаш дар амалиёти ҷангии онҳо бар зидди сохти конститутсионии кишварҳои хориҷӣ ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.