Тавозуни савдои Тоҷикистон бо кадом кишварҳо мусбат аст?

Date:

Соли гузашта Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари саросари дунё муносиботи савдо дошт, ки танҳо бо 18-тоаш тавозуни он мусбат аст.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2019 Тоҷикистон бо 105 кишвари ҷаҳон муносибати тиҷоратӣ дошт. Дар ин давра Тоҷикистон ба маблағи андаке бештар аз 1 млрд. доллар молу маҳсулот содирот карда, ҳаҷми умумии воридот ба ҷумҳурӣ беш аз 2,9 млрд. долларро ташкил дод.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и рӯйпӯш шудани воридот нисбат ба содирот 33,99%-ро ташкил дод.

Соли сипаришуда Тоҷикистон танҳо бо 18 кишвар тавозуни мусбати савдо дошт.

Миёни кишварҳои хориҷи наздик тавозуни савдои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мусбат буда, ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 162 млн. ва воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон 142 млн. долларро ташкил дод.

Кишварҳои хориҷи дур, ки тавозуни савдои Тоҷикистон бо онҳо мусбат аст, инҳоянд: Афғонистон, Бангладеш, Белгия, Швейтсария, Гурҷистон, Хорватия, Ироқ, Камбоҷа, Лубнон, Латвия, Мянма, Муғулистон, Уммон, Сан-Марино, Туркия, Ҷазираҳои Вирҷиния, Гвинеяи Экваториалӣ.

Дар ҳамин ҳол, соли равон Русия, Қазоқистон ва Чин шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста шуданд.

Тавозуни манфии савдои Тоҷикистон бо Русия тӯли 11 моҳи соли гузашта 870 млн. доллар, бо Қазоқистон – 475 млн. доллар ва бо Чин – 485 млн. долларро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...