Садамаи марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ

Date:

Пас аз бориши барфи шадид дар роҳҳои чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон яхбандӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 6-уми январ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба ғайр аз ронанда боз як мусофир аз Ёвон – сокини 33-солаи ин ноҳия менишаст.

“Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номуносиб ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, дар канори роҳ чаппа шудаст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотбахшони КҲФ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд.

“Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам даргузашт”, – зикр мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...