Зинаи 93-юми Тоҷикистон дар феҳристи амнияти озуқаворӣ

Date:

Дар феҳристи “Амнияти глобалии озуқаворӣ” (The Global Food Security Index), ки ҳамасола маҷаллаи бритонии The Economist нашр мекунад, байни 113 кишвар Тоҷикистон зинаи 93-юмро ишғол карда, паҳлӯи Лаос ва Нигерия ҷойгир шудааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи болотарро Қазоқистон (48-ум) касб карда, пас аз он Ӯзбекистон (71-ум) қарор дорад. Қирғизистону Туркманистон дар ин самт мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.

Русия дар мақоми 42-юми раддабандӣ ҷойгир шуда, байни Туркия ва Колумбия қарор дорад.

Индекси “Амнияти глобалии озуқаворӣ” аз се қисмати асосии зерин иборат аст: сатҳи дастрасӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ; мавҷудият ва кифояти маҳсулоти ғизоӣ ва сатҳи сифату бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.

Ба даҳгонаи кишварҳои аз лиҳози амнияти озуқаворӣ бештар таъмин Сингапур, Исландия, ИМА, Швейтсария, Финландия, Норвегия, Шветсия, Канада, Нидерланд ва Австрия шомил шудаанд.

Дар зинаҳои охири феҳрист Чад, Конго, Яман, Бурунди ва Венесуэла қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...