Сафири нав дар Қирғизистон. Ӯ кист – дипломати соҳибтаҷриба ё навкор?

Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон иваз шуд. Ивази сафирро аксарият ба масъалаи ҷараёни тӯлкашидаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон нисбат медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Сӯҳроб Олимзодаро аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод кард. Ба ҷойи ӯ дипломати касбӣ Назирмад Ализода сафири […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон иваз шуд. Ивази сафирро аксарият ба масъалаи ҷараёни тӯлкашидаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон нисбат медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Сӯҳроб Олимзодаро аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод кард.

Ба ҷойи ӯ дипломати касбӣ Назирмад Ализода сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин шуд. Ӯ замоне ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон кор кардааст.

Маълумотнома: Назирмад Ализода 11-уми ноябри соли 1967 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст.

Соли 1993 Акдемияи кишоварзии К.А.Тимирязевро бо ихтисоси муҳандис ва соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ хатм кардааст.

Аз соли 2003 дар кори дипломатӣ фаъолият дорад.

Аз 18-уми июни соли 2014 то 14-уми январи соли 2019 сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон буд.

Аз моҳи январи соли гузашта то январи соли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси сафир оид ба супоришҳои махсус ва ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Исфара гуфтушуниди ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, зимнан масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади кишварҳо баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.