Кумак ба 29 тоҷикистонии дар Қазоқистон дармонда

Дар шоҳроҳи “Нур-Султон-Петропавловск” дар қаламрави ноҳияи Бурабой бо сабаби нуқси техникӣ мусофирбари тамғаи “Сетра” вайрон шуда, дар роҳ бозистод. Ин автобус бо хатсайри Сургут (Русия) – Тоҷикистон ҳаракат мекард. Дар ин бора ВКД Қазоқистон хабар медиҳад. “Дар автобус 29 нафар – 3 ронанда ва 26 мусофир буданд, ки 24 нафарашон мардону 4 зан ва 1 кӯдак – […]

Asia-Plus

Дар шоҳроҳи “Нур-Султон-Петропавловск” дар қаламрави ноҳияи Бурабой бо сабаби нуқси техникӣ мусофирбари тамғаи “Сетра” вайрон шуда, дар роҳ бозистод.

Ин автобус бо хатсайри Сургут (Русия) – Тоҷикистон ҳаракат мекард. Дар ин бора ВКД Қазоқистон хабар медиҳад.

“Дар автобус 29 нафар – 3 ронанда ва 26 мусофир буданд, ки 24 нафарашон мардону 4 зан ва 1 кӯдак – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Касе осеб надидааст”, – иттилоъ медиҳад вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, 28 мусофир аз ин автобус ба ҷойҳои гарм бурда шудаанд: 15 кас дар хобгоҳи мактаб-интернат ва 13 нафари дигарро дар хобгоҳи коллеҷи техникии шаҳри Шучинск ҷой додаанд.

Гуфта мешавад, аз мусофирони автобуси вайроншуда ҳеҷ кас ба кумаки тиббӣ ниёз надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.