Чаро лимон дар Тоҷикистон арзон шуд?

Лимон (лимӯ) дар Тоҷикистон имсол арзон шуд. Агар қаблан дар мавсим 1 килои он 10 сомонӣ нарх дошт, айни замон арзиши он аз 4 сомонӣ сар мешавад. Ба гуфтаи деҳқонону мутахассисони бахши кишоварзӣ, сабаби поинравии нарх дар он аст, ки ҳарчи бештар одамон ба парвариши зироатҳои ситрусӣ, аз ҷумла, лимон машғул шуданд ва тавре маълум […]

Лимон (лимӯ) дар Тоҷикистон имсол арзон шуд. Агар қаблан дар мавсим 1 килои он 10 сомонӣ нарх дошт, айни замон арзиши он аз 4 сомонӣ сар мешавад.

Ба гуфтаи деҳқонону мутахассисони бахши кишоварзӣ, сабаби поинравии нарх дар он аст, ки ҳарчи бештар одамон ба парвариши зироатҳои ситрусӣ, аз ҷумла, лимон машғул шуданд ва тавре маълум шуд, парвариши онҳо начандон заҳматталаб аст.

Дар якчанд сотих қитъаҳои наздиҳавлигии худ мардум бо харҷи начандон маблағи зиёд гармхонаҳо сохта, зироатҳои ситрусӣ парвариш мекунанд ва он даромади хуб меорад.

Талаботи асосӣ зимни парвариши ин навъи зироатҳо нигоҳ доштани ҳарорат дар сатҳи +20 мебошад. Зиёд шудани шумори чунин шахсон ва ҳосилнокии хуби ин зироат ба поинравии нарх дар бозорҳо мусоидат кард.

Қобили зикр аст, ки солона дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ наздики 5 ҳазор тонна ҳосили лимон гирифта мешавад. Нисфи он ба хориҷи кишвар, асосан ба Русия содирот мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.