Боздошти 9 ронандаи маст дар Душанбе, ки миёнашон таксиронҳо ҳам ҳастанд

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми ҳафтаи сипаришуда ҳамагӣ 4 ҳазору 235 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор шуда, 9 нафар ронандагон боздошт гардиданд, ки дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекарданд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни боздоштшудагон ронандаи таксӣ Раҷӣ Вазиров (мошини Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 7904 ТТ 05) ва микроавтобуси […]

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми ҳафтаи сипаришуда ҳамагӣ 4 ҳазору 235 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор шуда, 9 нафар ронандагон боздошт гардиданд, ки дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекарданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни боздоштшудагон ронандаи таксӣ Раҷӣ Вазиров (мошини Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 7904 ТТ 05) ва микроавтобуси №48 Ҳусейн Авалмуротов (Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 0068 ТТ 05) ҳастанд, ки дар ҳолати мастӣ мошинҳоро идора мекардаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 17 ҳазору 400 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад,  дар доираи рейдҳо тӯли ҳафта 14 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ рондани автомашина, 23 ҳолати баланд кардани суръати ҳаракати мошин аз меъёри муқарраршуда, 172 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, 22 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 11 ҳолати итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт, 55 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ ва 122 ҳолати нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Байни ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ 68 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 188 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор кардани мусофирон ошкор шудааст. Дар 835 ҳолат риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.