Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар пайгирии интихоботи парлумонии Озарбойҷон

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи парлумонии Озарбойҷон, ки рӯзи 9-уми феврал доир мегардад, дохил шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Баҳром Абдуалимов дар ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷараёни интихоботи парлумонии Озарбойҷонро назорат (мониторинг) мекунад. […]

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи парлумонии Озарбойҷон, ки рӯзи 9-уми феврал доир мегардад, дохил шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Баҳром Абдуалимов дар ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷараёни интихоботи парлумонии Озарбойҷонро назорат (мониторинг) мекунад.

Парлумони даъвати V Озарбойҷон 2-юми декабри соли гузашта эълон дошт, ки ихтиёрӣ пароканда мешавад ва намояндагони он ба президенти кишвар Илҳом Алиев бо дархости таъини интихоботи ғайринавбатӣ муроҷиат карданд.

Аксари намояндагони мардумӣ идомаи фаъолияти вакилиро дар шароити мавҷуда ғайримкон донистанд. То ин қарор интихобот бояд моҳи ноябри соли 2020 баргузор мешуд.

Президенти Озарбойҷон ба Суди конститутсионӣ ҷиҳати баррасии мутобиқати қарори вакилони парлумон ба қонунгузорӣ дархост фиристод. Рӯзи 5-уми декабр мақомоти давлатӣ қонунӣ будани онро тасдиқ кард. Пас аз ин Илҳом Алиев интихоботи парлумониро ба рӯзи 9-уми феврал таъин кард.

Парлумони Озарбойҷон аз 125 нафар вакилон иборат буда, аксари курсиҳои вакилӣ ба ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мансуб мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.