Қариб ҳар сеюмин вакили парлумони Тоҷикистон боз ба курсии вакилӣ нишастанист

На Шукурҷон Зуҳурову на муовинони ӯ – Абдуҷаббор Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ ва Акрамшо Фелалиев ба рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба вакилии палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба он рӯзи 1-уми март доир мегардад, дохил нашуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод, 20 нафар аз 63 вакили мардумии ҳайати ҳозираи […]

На Шукурҷон Зуҳурову на муовинони ӯ – Абдуҷаббор Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ ва Акрамшо Фелалиев ба рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба вакилии палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба он рӯзи 1-уми март доир мегардад, дохил нашуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод, 20 нафар аз 63 вакили мардумии ҳайати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мехоҳанд, ки бори дигар ба курсии вакилӣ нишинанд.

Байни номзадҳои ба вакилии парлумони Тоҷикистон пешбаришуда шахсони зерин ҳастанд, ки дар ҳайати парлумони моҳи март ваколатҳояш қатъмешуда вакил буданд:

Толибхон Азимзода, Мирзоанвар Аҳмадов, Гулбаҳор Ашӯрова, Маҳмадалӣ Ватанзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Усмонзода, Мавлуда Мирзозода, Рустам Қудратов, Рустам Латифзода, Дилрабо Мансурӣ, Ҷамшед Муртазоқулов, Ҳаёт Одинаев, Равшан Раҷабзода, Бахтовар Сафарзода, Зайниддин Сафаров, Насиба Содиқӣ, Гулбаҳор Турсунова, Абдураҳим Холиқзода, Ҳокимҷон Холиқов ва Мавзуна Шарофиддинова.

Рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик Олимҷон Салимзода, ки дар чаҳор даъвати охир вакили палатаи поёнии парлумон буд, тасмим гирифтааст, ки дигар номзадиашро ба вакилии парлумон намегузорад.

Дар ин матлаб оид ба номзадҳои пешбарикардаи 7 ҳизби сиёсии кишвар маълумоти бештар дастрас аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.