СҶТ хуруҷи коронавирусро дар Чин ҲФ сатҳи байнулмилалӣ эълон накард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(СҶТ) эълони ҳолати фавқулода (ҲФ)-и сатҳи байнулмилалиро бо сабаби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония) аз сирояти коронавирус дар Чин бармаҳал донист. Тавре Медуза менависад, директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки “ин ҳолати фавқулода танҳо барои Чин аст, вале ҳоло ба ҳолати фавқулода дар миқёси глобалӣ табдил наёфтааст”. Ӯ қайд кардааст, […]

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(СҶТ) эълони ҳолати фавқулода (ҲФ)-и сатҳи байнулмилалиро бо сабаби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония) аз сирояти коронавирус дар Чин бармаҳал донист.

Тавре Медуза менависад, директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки “ин ҳолати фавқулода танҳо барои Чин аст, вале ҳоло ба ҳолати фавқулода дар миқёси глобалӣ табдил наёфтааст”.

Ӯ қайд кардааст, ки айни замон Созмон аз 584 нафар гирифторони ин беморӣ ва 17 нафар фавтидагон бар асари он маълумот дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, 575 ҳолати беморӣ ва ҳамаи ҳодисаҳои фавт дар Чин рух додаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Кумитаи давлатӣ оид ба масоили тандурустии Чин, шумори ҳалокшудагон аз намуди нави коронавирус дар Чин ба 25 кас ва шумори сироятёфтагон аз он то 830 нафар расидааст.

Тедрос зикр кардааст, ки намуди нави вирус ба бемории чоряки сироятёфтагон боис шуда, аксари онҳо ба касалиҳои фишори баланди хун (гипертония), диабет ё касалии дилу раг гирифтор буданд ва сатҳи сироятнопазирӣ (иммунитет)-ашон заъиф гардида буд.

Роҳбари СҶТ ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар берун аз ҳудуди қаламрави Чин ҳолатҳои аз як шахс ба шахси дигар гузаштани вирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба мо ҳоло бисёр чизҳо номаълум аст. Мо сарчашмаи ин вирус, то кадом андоза осон паҳн шудани он, хусусиятҳои клиникии ин беморӣ ва сатҳи вазнинии онро ба таври комил намедонем”, – иброз доштааст вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки Созмон алҳол ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав дар самти ҳамлу нақл ва савдоро тавсия намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 23 январ Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Чин қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.