Футболбоз Шаҳром Самиев бо дастаи “Рубин” қарордод баст

Шаҳром Самиев, ҳамлагари 19-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи премйер-лигаи Русия – “Рубин”-и Қазон қарордод баста, дар ҳайати ҷавонони ин даста бозӣ мекунад. Маълумоти ба дастаи дигар гузаштани футболбозро агенти ӯ Кова Тилавпур хабар додааст. “Шаҳром бо тими “Рубин” қарордод баста, дар давраи машқҳои омодагии дастаи асосӣ иштирок мекунад. Дар ҳайати дуюм ё ҷавонони “Рубин” […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шаҳром Самиев, ҳамлагари 19-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи премйер-лигаи Русия – “Рубин”-и Қазон қарордод баста, дар ҳайати ҷавонони ин даста бозӣ мекунад.

Маълумоти ба дастаи дигар гузаштани футболбозро агенти ӯ Кова Тилавпур хабар додааст.

“Шаҳром бо тими “Рубин” қарордод баста, дар давраи машқҳои омодагии дастаи асосӣ иштирок мекунад. Дар ҳайати дуюм ё ҷавонони “Рубин” бозӣ хоҳад кард”, – гуфтааст Тилавпур.

Шаҳром Самиев қаблан дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард, ки соли гузашта бо ин даста ба дарёфти унвони қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон шарафёб гардид.

Дар мавсими гузаштаи чемпионати Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ Шаҳром Самиев дар ҳайати тими "Истиқлол" 18 бозӣ гузаронида, 4 тӯб зад.

Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ӯ дар 6 бозӣ иштирок карда, 2 тӯбро ба нишон расонидааст. Қаблан ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои “Барқчӣ” ва “КМВА-Помир” бозӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки пештар футболбозони тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо, Парвиз Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов низ дар тими “Рубин” ҳунарнамоӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.