Хонаҳои наву қубурҳои кӯҳна: танқисии сокинони Душанбе аз об

Сокинони маҳаллаи “Гипрозем” ба мушкили норасоии об дучоранд. Интиқоли об ба хонаҳои онҳо сол то сол кам мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин ба пайдо шудани хонаҳои нав дар маҳалла вобаста аст. Чанд рӯз пеш ба қубури интиқоли оби хонаҳои кӯҳна боз як бинои навсохтро пайваст карданд ва косаи сабри онҳо лабрез шуд. “Бе ин ҳам ба мо […]

Абдуллох Ғурбатӣ, Asia-Plus

Сокинони маҳаллаи “Гипрозем” ба мушкили норасоии об дучоранд. Интиқоли об ба хонаҳои онҳо сол то сол кам мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин ба пайдо шудани хонаҳои нав дар маҳалла вобаста аст. Чанд рӯз пеш ба қубури интиқоли оби хонаҳои кӯҳна боз як бинои навсохтро пайваст карданд ва косаи сабри онҳо лабрез шуд.

“Бе ин ҳам ба мо об намерасад, – мегӯяд сокини маҳалла Сайфиддин Бобоев. – Ман дар ошёнаи ҳаштум зиндагӣ мекунам ва обро аз ҳавлӣ ба хона мекашонам. Ҳамаи ҳамсояҳо ҳисобкунаки об гузоштаанд ва касе намехоҳад, ки аз ӯ об гирем. Дирӯз бе иҷозаи мардум назди хонаҳои мо чуқурӣ кофта, боз як қубури дигарро пайваст карданд ва об акнун боз ҳам камтар шудааст. Дигар ба ошёнаи сеюм ҳам об намебарояд”.

Пештар ба як шоҳқубури интиқоли об 5 бинои 5-ошёна ва 5 бинои 9-ошёна пайваст шуда буданд. Баъдан аз он ба хонаҳои шахсӣ қубур кашиданд, ки амалан дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд. Бо равнақи сохтмон ҳар сол ба он хонаҳои баландошёнаи дигар пайваст карда мешаванд.

“Дар пушти хонаи мо манзили 13-қабатаро ба истифода доданд. Он ҷо алҳол ҳамагӣ 10 оила иқомат доранд. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамаи 13 ошёна аз оилаҳо пур мешавад”, – шикоят мекунад боз як сокини ин маҳалла Қурбонбӣ Абдуллоева.

Дар ҳукумати ноҳияи Сино ба сокинон гуфтаанд, ки хонаи нав ба шоҳқубур бо иҷозаи ҳукумати шаҳр пайваст шудааст.

Сокинон имзоҳо ҷамъ кардаанд, аммо намедонанд, ба куҷо муроҷиат кунанд. Онҳо мехоҳанд, мушкилашон ҳал шавад ё ҳадди ақал онро вазнин накунанд.

“Худо ба ин бинокор дороӣ додааст, бигзор пойгоҳи обкашӣ созад, то ки хона бо об таъмин шавад, – мегӯяд Қурбонбӣ Абдуллоева. – Ӯро ба бунёди чунин як хонаи истиқоматии баландошёна зӯраш мерасаду наход барои сохтани як пойгоҳи обкашӣ имкон надошта бошад?”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.