Ӯзбекистон иртиботи ҳавоиро бо Эрону Афғонистон қатъ кард

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои Эрону Афғонистонро дар бораи қатъи муваққатии иртиботи ҳавоӣ аз 1-уми марти соли равон огоҳ кард. Дар ин бора CentralAsia хабар медиҳад. Ин қарор бо мақсади пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавируси COVID-19 дар қаламрави Ӯзбекистон қабул шудааст. Гуфта мешавад, Ӯзбекистон кафолати барқарор кардани хатсайрҳои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро баъди ба […]

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои Эрону Афғонистонро дар бораи қатъи муваққатии иртиботи ҳавоӣ аз 1-уми марти соли равон огоҳ кард. Дар ин бора CentralAsia хабар медиҳад.

Ин қарор бо мақсади пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавируси COVID-19 дар қаламрави Ӯзбекистон қабул шудааст.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистон кафолати барқарор кардани хатсайрҳои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро баъди ба эътидол омадани вазъ тасдиқ кардааст.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон тавсия дода шудааст, аз сафар ба Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо, ки дар онҳо паҳншавии коронавирус мушоҳида мешавад, то беҳбуди вазъ худдорӣ варзанд.

Қаблан дар бораи аз 1-уми март ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар иртиботи ҳавоӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Италия хабар дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Эрон аз 14-уми феврал қатъ кард. Бо Афғонистон, ки дар он ҷо ҳам коронавирус ба қайд гирифта шуд, алоқаи ҳавоӣ ҳоло қатъ нашудааст.

Харитаи иртиботи ҳавоии Тоҷикистонро бо кишварҳое таҳия кардем, ки ба он ҷойҳо парвоз мекунему дар онҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.