Корманди қалбакии ВКД ба муҳлати 10 сол зиндонӣ шуд

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Фирдавс Саидзода барои худро корманди ВКД муаррифӣ карда, машғули тамаъҷӯӣ шуданаш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурда шоми 27-уми сентябри соли гузашта дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд М.А. вохӯрда, ба ӯ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки аз мағозаи фурӯшӣ ҷиҳозҳои конселярӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Фирдавс Саидзода барои худро корманди ВКД муаррифӣ карда, машғули тамаъҷӯӣ шуданаш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурда шоми 27-уми сентябри соли гузашта дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд М.А. вохӯрда, ба ӯ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки аз мағозаи фурӯшӣ ҷиҳозҳои конселярӣ харидааст, нишон додаааст ва худро корманди ВКД Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Баъдан Саидзода ин занро тахдид кардааст, ки нисбаташ барои фоҳишагӣ парванда оғоз карда, ӯро дар назди хешу табор ва падару модараш бадном месозад.

М.А. аз таҳдиди ӯ тарсида, хоҳиш кардааст, ки нисбаташ чораандешӣ накунад. Фирдавс Саидзода бо истифода аз фурсат маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз ин зан гирифтааст, то нисбаташ павранда тартиб надиҳад. Маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф карда, бо ин кирдор ба М.А. зарари моддӣ расонидааст.

Инчунин Саидзода такроран 7-уми октябри ҳамон сол худро корманди ВКД муаррифӣ карда, шаҳодатномаи қалбакиро ба шаҳрванд Б.И. нишон додааст ва бо таҳдид 1000 сомонӣ аз ӯ тамаъҷӯи кардааст.

Номбурда 18-уми октябр зимни ба даст овардани маблағи мазкур аз шаҳрванд Б.И. аз тарафи кормандони ҳифзи ҳукуқи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуд. Дар натиҷа аз номбурда шаҳодатномаи рангаш сурх, ки дар он ягон ному насаб дарҷ нашудааст, ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шудааст.

Фирдавс Саидзода бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ ҶТ (Тамаъҷӯӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум ва дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр адои ҷазо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.