Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ӯзбекистон чӣ гуна кишварҳои ИДМ-ро бо картошкаи фри таъмин карданист? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ӯзбекистон чӣ гуна кишварҳои ИДМ-ро бо картошкаи фри таъмин карданист?

Дана Опарина, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд чанде қабл аввалин дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи коркарди картошкаи «Solanuz» ба истифода дода шуд. Маҳсулоти хушсифати корхона ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ содирот хоҳад шуд.

Корхона дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба истеҳсоли 2 тонна картошкаи омодашудаи фри ва 550 кило таркиби ин маҳсулот барои таҳияи пюре дар як соат қодир аст. Ба гуфтаи мутахассисони корхона, технология коркарди маҳсулот аз Голландия оварда шудааст.

“Таҳқиқоти мо нишон дод, ки танҳо дар як шаҳри Тошканд ҳар моҳ наздики 500 тонна картошкаи фри истеъмол мешавад. Ин маънои онро дорад, ки мо натанҳо талаботи Ӯзбекистон, балки дигар кишварҳоро низ ба ин маҳсулот қонеъ карда метавонем. Ба мо аллакай аз Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Гурҷистон пешниҳодҳо расиданд”, – таъкид мекунад Тоҳир Абдуқодирӣ, намояндаи ширкати «Agrover».

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.