Се муштзани тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпӣ имкон доранд

Date:

Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумайя Қосимова қувваозмоиро барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио давом медиҳанд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор шуд.

4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Неъматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ ва Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит шикаст хӯрданд.

Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Нахуст 10-уми март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун шикаст хурд, баъдан 11-уми март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон) / Нгуйен Суонг (Ветнам) қувва меозмояд.

Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урдунӣ ва Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб шуданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ нерӯ месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карда, 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...