Вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов рӯзи 14-уми март бо сафари якрӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. Дар доираи ин сафар Қурбонов аз машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ки дар он ҷо тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷараён доранд, боздид мекунад. Вазирони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов рӯзи 14-уми март бо сафари якрӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар доираи ин сафар Қурбонов аз машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ки дар он ҷо тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷараён доранд, боздид мекунад.

Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба иштирокдорони фаъоли тамринҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ тақдим хоҳанд кард.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи Баҳодур Қурбонов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ баррасӣ мешаванд.

Дар тамринҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалиёти муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.