Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонуну кодексҳоро ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2-юми апрел як қатор қонуну кодексҳоро ба имзо расонид, ки ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид гардида буданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла раисҷумҳур Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон, Қонуни  ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни  ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2-юми апрел як қатор қонуну кодексҳоро ба имзо расонид, ки ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид гардида буданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла раисҷумҳур Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон, Қонуни  ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни  ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ”-ро имзо кард.

“Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ кардани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим мекунанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, қонунҳои баимзорасида дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.