Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона фиристод

Имрӯз як қатораи боркаш бо кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ба ҷумҳурӣ 18 вагон ворид шуд. Бори вагонҳо аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст. Ба иттилои манбаъ, кумаки башардӯстона […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз як қатораи боркаш бо кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ба ҷумҳурӣ 18 вагон ворид шуд. Бори вагонҳо аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, кумаки башардӯстона бо супориши шахсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Қатора бо кумаки башардӯстонаи кишвари ҳамсояро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва вазири тандурустӣ Насим Олимзода пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон сиротятёфтагони коронавирус ошкор шудааст. Аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 9-уми апрел дар ин кишвар 555 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 нафар фавтиданд ва 30 каси дигар шифо ёфтанд.

Дар ҳамсоякишвар карантин эълон шудааст, аммо ҳаёти рӯзмарра идома дорад. Фермерону деҳқонон ба корҳои кишооварзӣ оғоз карда, корхонаҳои стратегии саноатӣ ва бинокороне, ки иншооти барои давлат муҳимро бунёд мекунанд, бо риояи қоидаҳои карантин кори худро давом медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.