Суҳбати раисҷумҳурони Тоҷикистону Қазоқистон оид ба коронавирус

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9-уми апрел бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, дар ҳошияи муҳокимаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд. Президенти Тоҷикистон бо зикри вокуниши саривақтии Қазоқистон ба паҳншавии ин […]

Манзума Фирӯз,Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9-уми апрел бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, дар ҳошияи муҳокимаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.

Президенти Тоҷикистон бо зикри вокуниши саривақтии Қазоқистон ба паҳншавии ин сирояти хатарнок, ба тадбирҳои қатъие, ки аз ҷониби роҳбарият ва ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд дод.

Сарони ду давлат бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида карданд.

Зимнан аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.

“Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин ҳошия ба ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи мушкил изҳори сипос карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.