Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумаки башардӯстона изҳори сипос кард

spot_imgspot_img

Дата:

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел зимни суҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос кард.

“Ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор хеле зарур буда, боз як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, ҳамзамон ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.

Раисҷумҳурон зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназулли нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.

Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид шуд.

Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...