Коронавирус дар масофаи 4 метр гузашта метавонад

Коронавирус дар масоҳати 4 метр каси дигарро сироят карда метавонад. Дар ин бора сарэпидемиологи ғайриштатии Вазорати тандурустии Русия Николай Брико изҳори назар кардааст. Бино ба маълумоти НТВ, ӯ гуфтааст, мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА доир ба ин масъала барои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳқиқот гузаронида, мувофиқ натиҷаи он муайян шудааст, ки вирус аз як […]

Asia-Plus

Коронавирус дар масоҳати 4 метр каси дигарро сироят карда метавонад. Дар ин бора сарэпидемиологи ғайриштатии Вазорати тандурустии Русия Николай Брико изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти НТВ, ӯ гуфтааст, мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА доир ба ин масъала барои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳқиқот гузаронида, мувофиқ натиҷаи он муайян шудааст, ки вирус аз як шахс ба шахси дигар дар масофаи 4 метр гузашта метавонад.

Ба гуфтаи Николай Брико, коронавирус хусусиятҳои худро дар аэрозол аз ним соат то се соат ва дар ашёи гуногун – то чанд рӯз нигоҳ медорад.

Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, ба афзоиши сироят аз коронавирус дар Русия эҳтимол ба таври оммавӣ риоя нашудани қоидаҳои худро ҷудо нигоҳ доштан ду ҳафта пеш боис шуданд. Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали истироҳати эълоншуда бо сабаби коронавирус сокинони Маскав бо гурӯҳҳои сершумор ба боғҳо сихкабобхӯрӣ рафтанд.

Тибқи маълумоти охир, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба нишондиҳандаи 2 млн нафар наздик шуда, теъдоди умумии фавтидагон қариб 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.