Бо кадом сабаб метавон такроран ба коронавирус гирифтор шуд?

Олимон ошкор кардаанд, ки ҳатто пас аз шифо ёфтан коронавирус дар ҷисми инсон боқӣ монда метавонад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо истинод ба таҳқиқоти олимон аз Донишгоҳи тиббии ҳарбии шаҳри Чунсини Чин иттилоъ медиҳад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар шуши шахсоне, ки бемории коронавирусро паси сар кардаанд, ба мисли пешина боқӣ мондани зарраҳои […]

Asia-Plus

Олимон ошкор кардаанд, ки ҳатто пас аз шифо ёфтан коронавирус дар ҷисми инсон боқӣ монда метавонад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо истинод ба таҳқиқоти олимон аз Донишгоҳи тиббии ҳарбии шаҳри Чунсини Чин иттилоъ медиҳад.

Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар шуши шахсоне, ки бемории коронавирусро паси сар кардаанд, ба мисли пешина боқӣ мондани зарраҳои вирус имкон дорад, ки бо тарзҳои маъмулии аз тест гузаштан ошкор намешавад.

Аз ҷумла, онҳо ҳодисаи бо як зани бемор рухдодаро омӯхтаанд, ки ӯ давраи муолиҷаро гузашта, се бор тест супоридааст, ки натиҷааш манфӣ баромад. Занро аз томографияи компютерӣ гузаронида, ба ҷавобдиҳӣ тайёр карданд, аммо рӯзи дигар ӯ аз сактаи қалб фавтид.

Пас аз кушодани ҷисми зан олимон дар бофтаҳои шуш зарраҳои коронавирусро ошкор караанд, ҳарчанд онҳо дар бофтаҳои ҷигар, дил, рӯда ва мағзи устухон вуҷуд надоштанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи пизишкон, бофтаҳои пинҳон дар шуш аз ҳеҷ гуна аломатҳои возеҳ гувоҳӣ намедоданд.

Муҳаққиқон чунин мепиндоранд, ки ин баёнгари сабаби ҳодисаҳои такроран ошкор шудани коронавирус дар беморонест, ки аз рӯйи ҳамаи аломатҳо шифоёфта дониста мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.