Сарвазири Русия ба коронавирус гирифтор шуд

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба коронавирус мубтало шудааст. Вазифаҳои ӯро муваққатан муовини сарвазири Русия Андрей Белоусов иҷро мекунад. Дар ин бора худи Мишустин рӯзи панҷшанбе иттилоъ додааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Русия гуфтааст, гӯшанишиниро ихтиёр мекунад, вале бо аъзои ҳукумат дар иртибот хоҳад буд. Вай аз шаҳрвандони кишвараш даъват кардааст, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба коронавирус мубтало шудааст. Вазифаҳои ӯро муваққатан муовини сарвазири Русия Андрей Белоусов иҷро мекунад. Дар ин бора худи Мишустин рӯзи панҷшанбе иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Русия гуфтааст, гӯшанишиниро ихтиёр мекунад, вале бо аъзои ҳукумат дар иртибот хоҳад буд. Вай аз шаҳрвандони кишвараш даъват кардааст, ки маҳдудиятҳои ҷориро ҷиддӣ бигиранд.

Гуфта мешавад, дар як рӯзи ахир дар Русия беш аз ҳафт ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 101 кас ҷон бохтааст. Шумори умумии мубталоён ба 106 498 расидааст. Аз ин миён 1073 кас ҷон бохта, 11 619 тан шифо ёфтаанд.

Зикр мегардад, ки ҳолатҳои мубталошавӣ ба вируси нав аз ҳама бештар дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шудааст. Дар як рӯз дар пойтахти Русия 3093 кас ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.